Ҳар як кор аз идея оғоз мешавад!
#ideachallenge2020
Ҳар кас дорои андешаи шахсӣ аст ва мехоҳад фардои худро назар ба имрӯзаш беҳтар созад. Вақти он расидааст, ки имкониятҳои худро истифода кард. Ғояҳои ҷадид пешниҳод карда, бо имкониятҳои мавҷуд ва ҳамфикрон идеяҳои худро ба воқеият табдил дод.

МО БА ШУМО ИН ИМКОНИЯТРО
МЕДИҲЕМ, ШУМО БОШАД

Ғояи (идеяи) худро пешниҳод кунед. Хоҳ хурд бошад хоҳ бузург, ва хоҳ оддӣ бошад ё ғайриоддӣ. Асос ин аст, ки вақте он ғояро дар амал татбиқ мекунед, барои беҳтар кардани ҷаҳон саҳмгузор бошад.
ҲАМАКНУН, ТУ БОЯД
1
Наворро сабт кун, ки он дар яке аз мавзӯҳои мубрами рӯз ва ё ҷомеа бошад. Навор бояд то як дақиқа бошад.
2
Агар фикри аҷоиб дошта боши, аммо имконияти ба навор гирифтани видеоро надошта боши, пас дар қисмати дархостхо ариза пур кун.
3
Ва агар видео сабт карда боши, пас онро дар Instagram бо hashtag #ideachallenge2020 ва номи идея ҷой бидеҳ. Дӯстони худро даъват кун.
4
Намунаҳои клипҳои видеоиро дар instagram ё YouTube бо истифодаи hashtag #ideachallenge2020 дидан мумкин аст.
#IdeaFEST – моҳҳои май, июни соли ҷорӣ баргузор гашта, дар он муаллифи беҳтарин маводҳои #ideachallenge2020 ширкат хоҳанд кард. Иштирок дар #ideachallenge2020 ба шумо имконияти онро медиҳад, ки ғояи худро ба лоиҳаи мукаммал табдил дода ва барои дар амал татбиқи он аз 10000 то 12000 евро маблағ бурд намои.
КИ МЕТАВОНАД ДАР #IDEACHALLENGE2020 ШИРКАТ ВАРЗАД?
Ҳар касе, ки аз 18 то 30 сола аст ва дар кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
ТАЛАБОТҲО ЧӢ ГУНА АСТ?
Ғояе, ки ту пешниҳод мекунӣ барои беҳбудии ҷомеа бошад. Ҳамзамон метавонӣ чанд идея пешниҳод кунӣ. Вале мебояд, ки барои ҳар ғояи худ навори алоҳида сабт кунӣ.
ДАСТГИРИИ МОЛИЯВӢ ЧӢ ҚАДАР АСТ?
Аз 10,000 то 12,000 евро барои як лоиҳа.
ЧӢ ГУНА АЗ ҶИҲАТИ МОЛИЯВӢ ДАСТГИРӢ ГИРИФТАН МУМКИН АСТ?
Иштирок дар #IdeaChallenge2020. Ғояҳои беҳтарин дар шакли лоиҳаҳо дар #IdeaFEST муаррифӣ мешаванд. Дар давоми 10 рӯз пас аз муаррифии расмӣ, шумо имконият пайдо мекунед, ки лоиҳаи худро пурра ва ё ба итмом расонед. Дар фарҷоми озмун ҳакамон 8 ғолибонро интихоб мекунанд, ки барои дар амал татбиқи лоиҳаҳои худ дастгирии молиявӣ меёбанд.
ТАЛАБОТИ НАВОР ЧӢ ГУНА АСТ?
Дар навор танҳо дар бораи ғояи худ нақл кун. Ҳатман хештеги #IdeaChallenge2020-ро илова бикун.
БАҲОГУЗОРИ БАРОИ ВИДЕО ВА ОНЛАЙН-АРИЗАҲО ЧӢ ГУНААНД?
Муҳим нест, Шумо видео ва ё онлайн-ариза сабт кардеад. Мо эҷодкорӣ, навоварӣ ва аслияти ғояро арзёбӣ мекунем.
МӮҲЛАТИ БАРОИ НАШРИ НАВОР?
Мӯҳлати дархост барои ҳама кишварҳо - 28 апрел аст.
ТАМОС?
idea.challenge.pve@gmail.com, Telegram ё WhatsApp +996 555361386
Маъракаи минтақавии #ideachallenge2020 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ" доир шуда, аз тарафи Internews амалӣ мегардад ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Саҳифаи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таъсис шуда, минбаъд бо кӯмаки он дастгирӣ меёбад. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи "Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Made on
Tilda